Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аюбҷон Юсуфов - “донишомӯзи моҳ"-и Амрико


Вазорати умури хориҷии ИМА донишманди тоҷик Аюбҷон Юсуфовро “донишомӯзи моҳ” эълон кард.

Аюбҷон Юсуфов дастпарвари Бюрои равобити таълимиву фарҳангӣ (ЕСА) ва Барномаи минтақавии табодул (RSEP) мебошад.

Тавре дар матлаби матбуотии Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфта шудааст, ин унвон ба донишманди тоҷик ба хотири барномаи нави иқтисодӣ барои Донишгоҳи давлатии тиҷорату иқтисоди Тоҷикистон дода шудааст. Бар асари талошҳои Юсуфов донишҷӯён курсҳои иқтисодиро ба таври ҷиддӣ ва бо забони англисӣ фаро гирифтаанд.

Дар гузориш аз ҷумла омадааст, ки ба дунболи хамти Барномаи минтақавии табодул ҷаноби Юсуфов ба Тоҷикистон баргашта ба унвони раҳбари иҷрояи “Junior Achievement of Tajikistan” адои вазифа намудааст. Вай дар амри амалӣ намудани ин барномаҳо дар саросари кишвар талошҳо намуда, бо сармоягузории ИМА, САҲА, созмонҳое чун "Mercy Corp" , "Eurasia Foundation" ва Бонки ҷаҳонӣ дар 450 мактаби Тоҷикистон ин барномаро оғоз кардааст.

Аюбҷон Юсуфов айни ҳол муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорату иқтисоди Тоҷикистон буда, узви Кумиссюни Оҷонси алайҳи фасоди вилояти Суғд ва узви Imon International аст ва дар мавзӯи муҳити зиндагӣ дар Тоҷикистон таҳқиқот мегузаронад.
XS
SM
MD
LG