Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Лондон ҳукми парвандаи Ассанҷро эълон мекунад


Имрӯз додгоҳи Лондон ҳукми худ дар робита ба парвандаи истирдоди муассиси сомонаи WikiLeaks Ҷулиан Ассанҷ ба Шветсияро эълон мекунад.

Мақомоти Шветсия мехоҳанд Ассанҷро дар робита ба иттиҳоми дастдарозӣ ва таҷовуз ба номуси ду зан бозпурсӣ кунанд. Ассанҷ ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки парванда ба хотири фишор алайҳи ӯ барои нашри ҳазорҳо санадҳои сиррии дипломатии амрикоӣ боз шудааст.

Моҳи гузашта WikiLeaks эълом дошт, ки бар асари мушкили молиявӣ нашри маводи сирриро мутаваққиф месозад. Аз ин пеш ширкатҳои Visa и Master Card интиқоли маблағ ба ҳисобҳои бонкии WikiLeaks-ро қатъ карда буданд.
XS
SM
MD
LG