Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе борон, дар Рашт - барф


Ҳавошиносон мегӯянд, ки имрӯз ҳам ҳавои шаҳри Душанбе абриву боронӣ хоҳад буд ва аз 5 то 9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳам ҳаво абрист, кам-кам борон меборад, то 12 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаво абрист, борон меборад, ҳарорати ҳаво то 11 дараҷа болои сифр қарор мегирад.

Дар шаҳри Хоруғ ҳам борон дар назар аст, рӯзона то 5 ва шомгоҳон 4 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва водии Ҳисор ҳам борон меборад, дар ноҳияи Рашт бошад ҳаво то як дараҷа сард шуда, эҳтимол барф борад.
XS
SM
MD
LG