Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ ва Карзай дар Истамбул мулоқот карданд


Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ-руасои ҷамоҳири Афғонистону Покистон дар Истамбули Туркия мулоқот карданд. Дар ин мулоқот раиси ҷумҳури Покистон розӣ шуд, ки дар расидагӣ ба сӯиқасди Бурҳониддин Раббонӣ-раиси ҷумҳури пешини Афғонистон бо бозрасон ҳамкорӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки Абдулло Гул-раиси ҷумҳури Туркия бо Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон дидор ва гуфтугӯ кардааст. Афғонистон Ай Эс Ай ё Хадамоти кашфи Покистонро муттаҳам мекунад, ки ҳомии шӯришиёни Толиб аст. Ҳукумати Афғонистон музокироти худро бо Толибон моҳи сентябр баъд аз суиқасд ба ҷони Бурҳониддин Раббонӣ-раиси ҷумҳури пешин қатъ кард. Аммо Покистон ҳар гуна ҳамкорӣ ё иртибот бо Толибонро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG