Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико кӯмаки молӣ ба ЮНЕСКО-ро қатъ кард


Дар акс: Виктория Нуланд, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида
Дар акс: Виктория Нуланд, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида

Кохи Сафед маблағгузории ЮНЕСКО, Бунёди маорифу илм ва фарҳанги СММ-ро муттавақиф кардааст.

Ба гуфтаи Виктория Нуланд, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, Вошингтон аз ироаи 60 миллион долларе, ки бояд ин моҳ ба ЮНЕСКО мефиристод, худдорӣ намудааст.

Тасмими Амрико бо пазируфта шудани Фаластин ба узвияти ЮНЕСКО бастагӣ дорад. Рӯзи 31 октябр дар Анҷумани умумии ЮНЕСКО дар Порис аз 173 намояндаи кишварҳои олам 107 вакил раъйи мусбат ва 14 вакил раъйи мухолиф доданд. Вакилони 52 кишвар эълом доштанд, ки бетарафанд.

Тасмими Анҷумани умумии ЮНЕСКО-ро садри он Каталин Богяй, ки сафири Венгрия дар ин созмон аст, эълон кард: “Хонумҳо ва ҷанобон, конфронси умумӣ ба ҷонибдории пазируфта шудани тарҳи қатънома раъй дода, ҳамчунин қарор кард, ки Фаластинро ба унвони узви ЮНЕСКО бипазирем.”

Дар навори зер: Конфронси ЮНЕСКО ва раъйдиҳӣ барои узвияти Фаластин дар ин созмон



Миёни кишварҳое, ки алайҳи узвияти Фаластин райъ доданд, аз ҷумла, Амрико, Олмон, Литва ва Руминия қарор доранд. Сабрӣ Сайдам, мушовири раҳбари Фаластин гуфт, ки қарор дар як рӯзи барои мардуми Фаластин таърихӣ гирифта шудааст.

Аммо сафири Исроил дар ЮНЕСКО Нимрод Баркан тасмими конфронсро маҳкум кард. Ба гуфтаи ӯ, “раъйдиҳии имрӯза як фоҷиа барои ЮНЕСКО аст ва ба қонунҳои байнулмилаливу шонси сулҳ зиёни бузург мерасонад.”

Моҳи гузашта Фаластин дархости узвияти комил дар Созмони Милалро карда буд ва пазируфтани кишвар ба узвияти ЮНЕСКО бахше аз талошҳои Фаластин мебошад. Мақоми нави узви ЮНЕСКО ба Идораи худгардони Фаластин имкон медиҳад, бархе аз ёдгориҳои таъхирии худро, ки Исроил низ даъвои соҳибии онҳоро дорад, ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ шомил кунад.

Ирина Бокова
Ирина Бокова
Дабири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова дар як матлаб дар нашрияи Washington Post навиштааст, ки Бунёдро барои узви он шудани Фаластин муҷозот кардан норавост. Элеонора Митрофанова, намояндаи доимии Русия дар ЮНЕСКО ҳам дар мусоҳиба бо хабаргузории ИТАР-ТАСС аз муҷозоти Бунёд барои узвияти Фаластин изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ шомил шудани Фаластин ба ЮНЕСКО-ро “ҳодисаи таърихӣ” номидааст: “Мо ҳамеша аз Фаластин пуштибонӣ мекардем. Узвият дар ЮНЕСКО ба фаластиниҳо имкон медиҳад, ки ба таври мустақим дар ин созмон кор кунанд, ҳангоми нозири Бунёд будан Фаластин маҷбур буд мушкилоти худро аз тариқи миёнаравҳо ҳал намояд”,-гуфтааст хонум Митрофанова.

Ҷонибдорони узвияти Фаластин дар ЮНЕСКО ба он нукта ҳам ишора мекунанд, ки фаъолияти ин Бунёд дур аз сиёсат аст ва аз ин рӯ набояд ин мавзӯъро ба баҳси сиёсӣ табдил кард.
XS
SM
MD
LG