Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри асноди ҷосусҳои фошшудаи рус дар ИМА


Анна Чапман, яке аз ҷосусҳои фошшудаи рус
Анна Чапман, яке аз ҷосусҳои фошшудаи рус
Бюрои федеролии тафтишоти ИМА дар сомонаи худ асноде аз парвандаи ҷосусҳои фошшудаи Русияро, ки моҳи июли соли гузашта аз Амрико ихроҷ карда шуда буданд, нашр намуд.

Нашри санадҳо дар посух ба дархости хабарнигорони Associated Press сурат гирифт. Хабар дода мешавад, ки ҳуҷҷатҳои нашршуда, аз ҷумла, сабтҳои видеоӣ, ҳангоми таъқиби ҷосусҳои Русия дар тули даҳ сол ҷамъ оварда шудаанд.

Дар пешгуфтори нашри санадҳо гуфта шудааст, ки ҷосусҳои рус ба дарёфти асноди сиррӣ муваффақ нашуданд, ҳарчанд нияташон хело ҷиддӣ буд.
XS
SM
MD
LG