Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйдиҳӣ дар интихоботи Қирғизистон хотима ёфт


Дар Қирғизистон раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ хотима ёфт, ки баъди барканории Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури собиқ дар соли гузашта, нахустин интихоботи президентӣ аст. Қубод Қосимбеков, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, то зӯҳри имрӯз тақрибан 40 дар сади раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд: "Бар тибқи иттилоъи ахир, як миллиону 104 раъйдиҳанда дар интихобот ширкат кардаанд, ки 36 дар сади теъдоди умумии раъйдиҳандагонро ташкил медиҳанд. Ёдрас мешавам, ки ин омори то соати 3 имрӯз аст." Алмосбек Отамбоев, нахуствазир, Қамчибек Тошиев, раиси Ҳизби Отаҷурт ва Адахон Мадумаров, раиси собиқи порлумон аз номзадҳои аслӣ ба мақоми раиси ҷумҳур маҳсуб мешаванд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳеҷ яке аз номзадҳо 50 дар сади орои лозим барои пирӯзӣ дар даври аввалро ба даст намеоранд ва даври дуввум, ки зоҳиран номзадҳо аз шимолу ҷанубро дар он рақобат хоҳанд кард, ҷудоиву рахна дар миёни мардуми ду минтақаро амиқтар хоҳад бурд. Ҷузъиёт дар идомаи барнома.
XS
SM
MD
LG