Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Башшор Асад ба кишварҳои ғарбӣ


Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор додааст, ки дар сурати ҳаргуна дахолат дар Сурия, “зилзилае ба роҳ афтода” тамоми Ховари Миёнаро ба оташ хоҳад кашид. Башшор Асад дар мусоҳиба бо рӯзномаи бритониёии “"Sunday Telegraph" гуфтааст, Сурия меҳвари Ховари Миёна аст ва “агар бо замин бозӣ кунед, заминларза хоҳад шуд. Оё мехоҳед шоҳиди як Афғонистон ва ё даҳҳо Афғонистони дигар шавед." Айни замон гузориш шудааст, ки дар ҷанге бо фирориёни артиш дар ноҳияи Бобо Амру дар шаҳри Ҳумси Сурия 15 сарбози Сурия кушта ва 53 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG