Дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул, як бомбгузори маргталаб рӯзи шанбе бо инфиҷори мошини бомбгузоришудааш дар назди корвони нерӯҳои байналмилалӣ 13 сарбози амрикоиро куштааст. Пештар аз ин Сиддиқ Сиддиқӣ сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, дар ин ҳамла се фарди мулкӣ ва як пулиси афғон низ кушта шуданд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон маъсулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт. Ва дар ҷойи дигари Афғонистон, дар вилояти Қандаҳор як мард, ки либоси низомии афғонӣ дошт, ду сарбози Австралияро ба ҳалокат расонд.