Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи нав барои муқобила бо хушунати хонаводагӣ


Кумитаи умури занон дар Тоҷикистон мегӯяд, барои коҳиш додани хушунати хонаводагӣ ва ҷилавгирӣ аз помол шудани ҳуқуқи зан дар хонавода, ба иҷрои барномаи наве шурӯъ кардааст. Ба гуфтаи Ҳилолбӣ Қурбонова, намояндаи кумита, бар тибқи ин барнома дар гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон паноҳҳгоҳои махсус барои занони ҷабрдида таъсис медиҳанд ва барои ҳалли мушкили онҳо кӯмак мекунанд: «Ба истилоҳи созмонҳои байналмилалӣ ин паноҳгоҳҳоро «Shelter» меноманд. Вақте ки занону духтарон дар хонавода мавриди зуроварӣ, латту кӯб қарор мегиранд, як муддат дар инҷо мемонанд ва ба онҳо кумакҳои ҳуқуқӣ, психологӣ ва машваратҳои дигар медиҳем.“ Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, дар Тоҷикистон хушунати хонаводагӣ ба расм табдил шудааст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зӯроварӣ нисбат ба занро умури хонаводагӣ медонанд ва ба ин мушкили онҳо расидагӣ намекунанд.
XS
SM
MD
LG