Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ пазируфтани Юнон ба ИА-ро иштибоҳ номид


Никола Саркозӣ
Никола Саркозӣ
Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, пазируфтани Юнон ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2001 “иштибоҳ” буд. Дар як мусоҳибаи телевизионӣ Саркозӣ гуфт, пазируфтани Юнон барои он иштибоҳ буд, ки Юнон ба ин иттиҳодия бо арқоми нодуруст дар бораи иқтисодаш ворид шуд ва он омода набуд. Вале вай афзуд, ки ин кишвар акунун баъд аз тасвиби барномаи наҷоти молии Иттиҳодияи Аврупо метавонад наҷот ёбад. Ин барнома, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Брусел аз ҷониби раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ба тасвиб расид, 50 дарсади қарзи Юнонро ботил мекунад. Ин қарз 100 миллиард евро мебошад.
XS
SM
MD
LG