Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсменҳои Тоҷикистону Русия аз ҳақи муҳоҷирон дифоъ мекунанд


Зариф Ализода
Зариф Ализода
Дар шаҳри Маскав ваколатдорони ҳуқуқи башари Тоҷикистону Русия қарордоди ҳамкории миёни ин ду кишварро дар бораи ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандони ҳар ду кишвар имзо карданд. Аз ҷониби Тоҷикистон Зариф Ализода ва аз ҷониби Русия Владимир Лукин дар ин қарордод имзо гузоштанд. Зариф Ализода дар шаҳри Маскав ҳамчунин бо кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон, кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ва бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷики муқими Маскав мулоқот дошт. Ҳафтаи гузашта Федератсиюни байнулмилалии ҳуқуқи башар якҷоя бо Маркази ҳуқуқи башар мавсум ба “Мемориал” гузориши худро зери номи “Тоҷикистон нерӯи корӣ содир мекунад, вале ба чӣ баҳое?” мунташир сохтанд. Дар ин гузориш омадааст, дар ҳоле ки аз нерӯи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба таври ҳамаҷониба сӯистифода мешавад, ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия бояд барои дифоъ аз ҳуқуқи аслии онҳо тадбирҳои бештар биандешанд.
XS
SM
MD
LG