Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон интихобот дорад. Боз "ҷанг"-и шимолу ҷануб?


Кумиссюни марказии интихоботи Қирғизистон
Кумиссюни марказии интихоботи Қирғизистон

Мақомот мегӯянд, маъракаи қабл аз интихоботии раёсати ҷумҳурӣ дар Қирғизистон хеле сулҳомез будааст.

Ин интихобот рӯзи 30 октябр баргузор хоҳад шуд. Бо вуҷуди ин, нигарониҳо аз вуқуи нооромиҳо дар ҷануби ин кишвар бештар мешавад, зеро дар ин минтақа нифоқи қавмӣ ва рақобати гуруҳҳои сиёсӣ аз замони даргириҳои қавмӣ дар моҳи июли соли 2010 то ҳол боқӣ мондааст.

То чанд рӯзи дигар ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ гушоиши як посгоҳи марзии миёни Қирғизистону Узбакистон иқдоми муҳиме арзёбӣ мешавад. 18 моҳ пеш дар рӯзҳои тазоҳуроти эътрозии густарда, ки бо сарнагунии Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон ба поён расид, ин посгоҳ баста шуда буд. Он вақт сокинони узбактабори ҷануби Қирғизистон талош доштанд барои наҷоти ҷони худ ба Узбакистон паноҳ баранд. Дар нооромиҳои қавмӣ тақрибан 500 нафар ҷон дода буданд.

Ҳоло гушоиши ин посгоҳ дар наздикии шаҳри Ӯш, шаҳре, ки маркази даргириҳҳои қавмӣ буд, ду ҳадафро дунбол мекунад. Аз як сӯ, ин иқдом метавонад гашти ҳисобшудаи нахуствазир Алмосбек Атамбоев бошад, ки моҳи гузашта барои музокира дар ин бора ба Тошканд сафар карда буд ва аз сӯи дигар, ин посгоҳ метавонад роҳи фирори сокинони узбактабори минтақа дар сурати дубора рӯшан шудани оташи ҷанги қавмӣ бошад.
Рӯзҳои ахир мақомоти маҳаллии ҷануб дар бораи хатари эҳтимолии нооромиҳо изҳори нигаронӣ карданд.


Марат Оразбаев, сардори раёсати умури дохилии шаҳри Ӯш, ҳафтаи ҷорӣ иддао кард, ки шуморе аз номзадҳои расёати ҷумҳурӣ маъракаи фишор дар ҷанубро бештар кардаанд ва чунин равиш метавонад заминаи нооромӣ шавад: "Мо маълумоти оперативӣ дар даст дорем, ки баъзе аз номзадҳои норозӣ аз натиҷаҳои интихобот мумкин аст вазъи сиёсиро дар Ӯш ноором созанд. Мумкин аст, онҳо баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот ба иҷрои нақшаи худ оғоз намоянд.”

Қамчибек Ташиев
Қамчибек Ташиев
Шояд ин гуфтаҳо ишора ба Атамбоев аст, номзаде, ки то андозае ислоҳталаб аст ва дар сафи пеши мубориза қарор дорад. Вале чунин ба назар мерасад, ки вай дар даври аввал наметавонад шумораи зарурии раъйҳоро барои пирузӣ ба даст орад. Атамбоев намояндаи шимоли кишвар ва шахси наздик ба Роза Отунбоева, раисиҷумҳури кунунист. Дар сурати ба даври дуввум рафтани интихобот рақиби вай мумкин аст намояндаи ҷануб бошад. Бисёриҳо интизор доранд, ки ин намоянда Қамчибек Ташиев, раҳбари миллатгарои ҳизби Ата-Жорт, хоҳад буд.
Ба ҳамин далел, бисёре аз нозирон бим доранд, ки даври дуввум ба даври рӯёрӯии шимолу ҷануби Қирғизистон табдил хоҳад ёфт ва дар чунин ҳолат сабаби нифоқи шимолу ҷануб хоҳад шуд.

Мақомоти пулис ба таври ошкор гуфтаанд, ки дар даври дуввуми интихобот бояд аз фаъолияти раҳбарони ҳамаи гурӯҳҳои ҷинояткор пешгирӣ кард, вале мақомоти дигар ҳам мегӯянд, ки дар чунин вазъ ҳар гуна гурӯҳи тундрави исломӣ ё террористӣ метавонад бо истифода аз фурсат вориди амал шавад.

Сокинони маъмулии шаҳр, ба вижа сокинони узбактабори Ӯш, ки мавриди фишори пулис қарор мегиранд ва қишри осебпазир дониста мешаванд, гуфтаанд, ки баъзе ҷавонони варзишкор ба назди онҳо омадаанд ва гуфтаанд, ки онҳо бояд барои Атамбоев раъй диҳанд.

Истифода аз хидмати ҷавонони ҳузарбу варзишгар дар Қирғизистон кори нав нест. Бисёре аз гурӯҳҳои ҷиноӣ ва сиёсатмадорон бо бошгоҳҳои варзишӣ иртибот доранд ва онҳоро ба хидмати худ гумордаанд. Одилҷон Каримов, сокини узбактабори Ӯш мегӯяд, вай шунидааст, ки шумораи зиёди чунин ҷавонон ба маҳаллаҳои узбакнишин омадаанд ва сокинонро маҷбур кардаанд, ки ба шахси мавриди назари онҳо раъй бидиҳанд: “Ман худам надидаам, вале аз дигарон шунидам, ки мошинҳои сиёҳшиша аз кӯчаҳо гузаштаанд ва аз мардум эҳтиромона даъват кардаанд, ки барои Атамбоев раъй диҳанд. Онҳо ошкоро касеро наметарсонанд. Вале оромона мегӯянд, ки агар барои ҳамон номзад раъй надиҳед, касе амнияти Шуморо кафолат намедиҳад.”

Баъзе аз мақомот дар Бишкек ин гуна иддаоро талошҳои мақомоти ҷануб барои зери шубҳа қарор додани Атамбоев ва намояндагони дигари шимол медонанд. Онҳо мегӯянд, намехоҳанд касеро ба қавму маҳал тақсим кунанд. Ба гуфтаи онҳо, шояд баъзе намунаҳо ҷой дошта бошад. Аммо ҳукумат нерӯи кофӣ дар ихтиёр дорад, то вазъро аз контрол хориҷ накунад.
XS
SM
MD
LG