Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Путин аз матбуот барои нашри марги Қаззофӣ


В. Путин
В. Путин
Владимир Путин-нахуствазири Русия “инзиҷор”-и худро аз матбуоти ҷаҳонӣ барои пӯшиш додани марги Муаммар Қаззофӣ-раҳбари режими Либия иброз дошт. Хабаргузориҳои Русия аз Путин нақли қавл кардаанд ва навиштаанд, “дар шабакаҳои ҷаҳонӣ ба ҷуз аз куштори бераҳмонаи Қаззофӣ чизи дигар нест”. Путин ҳамчунин гуфтааст, “Рӯзноманигорон бояд бифаҳманд, ки онҳо чӣ кори беҳтареро анҷом медиҳанд ва бояд каме масъулияти маънавӣ дошта бошанд”. Ин суханони Путин дар ҳоле садо медиҳад, ки хатми сарнавишти Қаззофӣ ба дасти размандагони Либия нигарониҳои густардаеро ба бор овардааст.
XS
SM
MD
LG