Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО қабули қарор доир ба Либияро ба таъхир андохт


Паймони НАТО замони қабули қарор дар мавриди хотима додан ба амалиёташ дар қаламрави ҳавоии Либияро то охири ҳамин моҳ ба таъхир андохтааст. Бо думболи ишғоли тамоми Либия аз тарафи шӯришиён ва марги Муаммар Қаззофӣ дар ҳафтаи гузашта НАТО гуфт, замони қабули қарори муқаддамотӣ дар бораи хатми амалиёти ҳафтмоҳа дар Либия то рӯзи 31 октябр ба таъхир гузошта шуд. Бо дастури Созмони Милал, ҳавопаймоҳои НАТО аз 31 марти соли равон амалиёти ҳавоиро барои муҳофизати сокинони Либия аз ҳамлаҳои нерӯҳои Қаззофӣ шурӯъ карданд. Айни замон бо мусоидати нерӯҳои ҳавоии НАТО шӯришиён тавонистанд, Қаззофиро сарнагун кунанд.
XS
SM
MD
LG