Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин бомби харобиовари атомиро нобуд мекунанд


Дар Амрико имрӯз яке аз харобиовартарин бомбҳои атомӣ мавсум ба Би 53 аз аҳди Ҷанги Сард нобуд карда хоҳад шуд. Иёлоти Муттаҳида дар соли 1962 дар замони бӯҳрони Кариб бо ин бомби 9 мегатонаӣ мусаллаҳ шуд, ки 600 маротиба харобиовартар аз бомбест, ки шаҳри Ҳирошимаи Ҷопонро вайрон кард. Амрико 300 дона бомби Би 53 тавлид кард ва соли 1980 ғайриқобили истифода кардани онҳо шурӯъ шуд.
XS
SM
MD
LG