Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати даҳҳо нафар дар ҳодисае дар шаҳри Сирт


Бар асари таркиши систернаҳои маводи сӯхт дар шаҳри Сирти Либия даҳҳо нафар кушта шудаанд. Ба гузориши телевизиони Ал-Арабия, шоми душанбе, афроди зиёде барои гирифтани бензин барои мошинҳояшон дар назди систернаҳо навбат меистоданд, ки ҳодиса ба вуқӯъ пайваст ва дасти кам 100 нафар ҳалок шуданд. Сирт, зодгоҳи Муаммар Қаззофӣ, раҳбари пешини Либия аст, ки рӯзи панҷшанбе ба тасарруфи нерӯҳои ҳукумати муваққати ин кишвар даромад.
XS
SM
MD
LG