Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд ҷашнвораи фарҳангу ҳунар оғоз шуд


ИА REGNUM хабар додааст, ки 23 октябр дар Тошканд ҳафтаи ҳунарҳои "Art Week Style.uz-2011" оғоз шуд. Дар ин бора сандуқи “Маҷмаи фарҳангу ҳунари Узбакистон”, ки зери ҳимояти Гулнора Каримова-духтари Ислом Каримов қарор дорад, иттилоъ додааст. Дар ин ҷашнвораи ҳунар 26 кишвар, аз ҷумла Британия, Олмон, Юнон, Миср, Арманистону Афғонистон, Испания, Тоҷикистону Туркия, Русия ва Амрикову Фаронса ширкат меварзанд. Дар чаҳорчӯбаи ин ҷашнвора намоишгоҳи либосҳои миллӣ баргузор мешавадва театрҳо намоишномаҳои худро дар саҳнаҳо ба ҳаводорон пешкаш мекунанд.
XS
SM
MD
LG