Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ: баъди хуруҷи нирӯҳои равобити ИМА ва Ироқ тағйир меёбад


Нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ имрӯз гуфт, ки хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз хоки кишвараш равобити миёни ду кишварро тағйир хоҳад дод. Вай гуфт:

“Фасли наве дар равобити миёни ду кишвар шурӯъ мешавад, ки фаротар аз ҳамкориҳои низомиву амниятӣ хоҳад буд. Он дар чаҳорчӯби созишномаи стратегӣ идора шуда, бештар аз ҳамкориҳо дар бахши низомиву амниятӣ ба масоили илмиву тиҷоратӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ ва масоили дигар бар пояи баробариву эҳтиром ба тамомияти арзӣ роҳандозӣ хоҳад шуд”.


Рӯзи ҷумъа раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама гуфтааст, то охири соли ҷорӣ 40 ҳазор нирӯи низомии амрикоӣ хоки Ироқро тарк хоҳанд кард. Ба назар мерасад, ки изҳороти мазкур баъди музокираҳои ноком дар заминаи он ки теъдоде аз низомиёни амрикоӣ барои кӯмак дар Ироқ нигоҳдорӣ мешаванд, пахш шуд. Нирӯҳои амрикоӣ ҳашту ним соли пеш бо амри президенти вақт Ҷорҷ Буш барои сарнагун кардани диктатори Ироқ Саддом Ҳусайн вориди хоки ин кишвар шуд ва дунболи пайдо кардани силоҳи куштор ҷамъӣ буд, ки бенатиҷа будааст.
XS
SM
MD
LG