Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакро аз Тоҷикистон ба Русия баргардонданд


Намояндаи салоҳиятдори ҳуқуқи кӯдакон дар Бурятияи Русия тавонистааст кӯдакеро, ки 5 сол дар Тоҷикистон аз модараш пинҳон медоштанд, ба Русия баргардонанд. Дар ин бора аз ин намояндагӣ Татяна Вежевич ба хабаргузории “Интерфакс” иттилоъ додааст. Ба гуфтаи вай, ин танҳо намунаест, ки кӯдакро тавонистаанд аз Тоҷикистон ба модараш Нисо Солеҳова дар Бурятия баргардонанд. Маҳинаро падараш барои меҳмонӣ аввал ба шаҳри Иркутск бурдааст, сипас мӯи сарашро тарошида, бо ҳуҷҷатҳои дуруғин ҳамчун писар ба Тоҷикистон бурдааст.
XS
SM
MD
LG