Қарор аст, имрӯз ҳукми муттаҳамон ба қатли Егор Свиридов, як мухлиси футболи Русия эълом шавад, ки ин қазия дар Русия ҷанҷоли зиёдеро барангехт. Дар марги Егор Свиридов, шаш қафқозтаборро муттаҳам мекунанд, ки ба гуфтаи худашон мухлисони ашаддии футбол ба онҳо ҳамла карданд ва маҷбур шуданд барои дифоъ аз худ бо туфангча тирҳои резинӣ кушоданд, ки дар натиҷа Егор Свиридов кушта шуд. Шашуми декабри соли 2010 дар шаҳри Маскав баъди як бозии футбол миёни мухлисон ва гурӯҳи ҷавонони қафқозӣ муноқиша бархост. Гунаҳкори аслӣ дар қазия Аслан Черкесов дониста мешавад ва панҷ шарики ӯро ба авбошӣ муттаҳам мекунанд. Қазияи мазкур ҳаёҳуи миллатгароён дар Русияро бештар кард.