Беш аз 300 нафар хонанда ба он хотир ба омӯзиши иловагӣ ҷалб шудаанд, ки ба гуфтаи масъулини Идораи маориф, онҳо ҳангоми анҷоми бозиҳои футбол дар варзишгоҳ ва берун аз он "беодобӣ" мекарданд.
Нусратулло Ғайюров, ҷонишини директори ин марказ мегӯяд, тариқи дарсу машғулиятҳои вижа тавонистаанд, ба ин ноболиғон одоб омӯзанд.
Ҷаноби Ғаюров инчунин афзуд: "Ҳини бозии футбол онҳо беодобӣ карда буданд. Мо аз тобистони ҳамин сол шурӯъ карда, онҳоро ба омӯзиш ҷалб кардем. Дар як давраи муайян мо бо падару модари онҳо машварат кардем, бо худи онҳо дар якҷоягӣ бо намояндагони ҳукумати шаҳр сӯҳбат гузаронида, онҳоро аз роҳи бад баргардонидем. Ҳоло онҳо таҳсили худро дар мактабҳо хуб идома медиҳанд."
Волидайни аксари ин ноболиғон аз омӯзиш гирифтани фарзандони худ изҳори хурсандӣ мекунанд. Садафмоҳ, модари яке аз ин ноболиғон мегӯяд, қаблан аз фарзандаш хоҳиш мекард, ки ба бозиҳои футбол наравад ва пайи омӯзиш бошад, вале фарзандаш ба ӯ гӯш намекард: «Ҳоло шукри Худо хонданаш хуб шудааст. Вақте, ки дар футбол ҷанг шуд ва милисаҳо боздошташон карданд, хеле ғамгин шудем. Ягон гуноҳи калон накарда буд, барои ҳамин гуфтанд, ки рафта дар ҳамин мактаб хонад. Ҳозир футбол намеравад ва дарсҳояшро хуб мехонад.»
Дар ҳамин ҳол, Манучеҳр, хонандаи синфи 11, ки ин давраи омӯзиширо хатм кардааст, мегӯяд, дигар ҳаргиз дар бозиҳои футбол ширкат намекунад. Ӯ мегӯяд: "Як нафар ба ягон мошин санг мезанад, дигар ҳамаро боздошт карда мебаранд. Гуноҳ дошта бошӣ ё не. Чӣ даркор чунин футбол? Хубтараш аз тамошои ин футбол рафта, ягон кори дигар кунӣ он хубтар аст."
Баҳору тобистони имсол ба таври бесобиқа ҷавонон аз бозии футболи дастаи «Равшан» ҳаводорӣ мекарданд. Аммо ҳангоми бозии миёни дастаи футболи «Истиқлол» ва «Равшан» дар таърихи 14-уми июни соли равон, ки бо пирӯзии дастаи меҳмон дар Кӯлоб анҷом ёфта буд, беназмиҳо рух дод. Дар пайи ин, наздики сад тан аз мухлисони футбол боздошта шуданд, ки дар нисбати бархе парвандаи маъмурӣ ва бархеи дигар парвандаи ҷиноӣ боз шуд, вале бар асоси Қонуни авф бештари онҳо раҳо шуданд.
Маркази таҳсилоти иловагии назди Идораи маориф дар шаҳри Кӯлоб дар заминаи мактаби №4, кӯҳантарин мактаби шаҳр таъсис ёфтааст. Ҳоло беш аз ҳазор хонандаи дигари душвортарбия барои таҳсили иловагӣ ба ин марказ ҷалб шудааст.