Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА шикори ҳайвонҳои фирорӣ идома дорад


Гургҳо дар парваришгоҳ
Гургҳо дар парваришгоҳ
Дар аёлати Оҳайои ИМА даҳҳо ҳайвони ваҳшӣ аз як парваришгоҳ фирор кардаанд. Полиси шаҳри Занесвил мегӯяд, дар парваришгоҳ ҷасади соҳиби он ва дарҳои бози қафасҳои ҳайвоноти ваҳширо пайдо кардааст. Шароити марги соҳиби парваришгоҳ маълум нест. Полис ба сокинони Занесвил дастур додааст, ки аз хонаҳояшон берун нашаванд. Феълан полис камаш 25 хирсу гургро ба қатл расондааст, вале даҳҳо хирсу гург, гарбаи ҷангалӣ ва дигар ҳайвони ваҳшии парваришгоҳ дар озодӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG