Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳ.Клинтон ба Э.Раҳмон дар бораи Эрон ҳам хоҳад гуфт"


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон. Моҳи сентябри соли 2009
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон. Моҳи сентябри соли 2009

Гуфтугӯ бо таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ пиромуни сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Тоҷикистон.

Бино ба қавли мақомот, вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон рӯзи 20-уми октябр аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард. Қарор аст, дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон хонум Клинтон бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дидору малоқот анҷом бидиҳад.

Пас аз он вазири умури хорҷаи Амрико ба Тошканд, маркази Узбакистон меравад ва дар он ҷо бо Ислом Каримов низ гуфтугӯ хоҳад кард. Дар
Шояд хонум Клинтон ба Эмомалӣ Раҳмон гӯшзад кунад, ки ҳамкорӣ бо Эрон баъзан хатарнок аст, зеро Эрон як кишвари мушкилсоз дар ҷаҳон маҳсуб мешавад...
суҳбате, ки бо Брюс Панир, таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ доштем, аз ӯ пурсидем, ки дар гуфтугӯи қарибулвуқӯи Ҳилларӣ Клинтон бо Эмомалӣ Раҳмон чӣ масоил баррасӣ хоҳад шуд?

Брюс Панир: “Ба фикри ман, зимни сафари Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мавзӯи аслии гуфтӯгуҳояш, албатта, Афғонистон хоҳад буд. Идомаи талошҳо барои эҳёи субот дар Афғонистон ва нақши ҳамсоякишварҳо дар мусоидат ба ин раванд дар мулоқоти ӯ баррасӣ хоҳад шуд ва, албатта, Тоҷикистону Узбакистон дар ин замина нақши бузург доранд ва ҳам Қирғизистон. Қазоқистону Туркманистон то ҳадде дар талошҳо барои истиқрори сулҳ дар Афғонистон кӯмак мекунанд, аз ин рӯ Ҳилларӣ Клинтон мехоҳад, ба Тоҷикистону Узбакистон сафар кунад, то дигарбора ба аҳди ин кишварҳо дар ҳамкориву кӯмакашон бо Амрико дар масъалаи Афғонистон мутмаин шавад. Албатта, ҳалли мушкили Афғонистон на танҳо ба манфиати Амрико, балки бештар ба манфиати Осиёи Марказӣ аст. Дар баробари ин шояд Ҳилларӣ Клинтон бо кишварҳои минтақа қазияи нави Эронро баррасӣ кунад, ки гӯиё бо раҳнамоии маъмурони амниятии он тарҳи сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Амрико таҳия шудааст. Хонум Клинтон бо раҳбарони минтақа дар ин бора ҳам сӯҳбат хоҳад кард, бахусус, бо раҳбари Тоҷикистон, ки назар ба ҳар кишвари дигари минтақа бо Эрон равобиту ҳамкории зич дорад. Шояд хонум Клинтон ба Эмомалӣ Раҳмон гӯшзад кунад, ки ҳамкорӣ бо Эрон баъзан хатарнок аст, зеро Эрон як кишвари мушкилсоз дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Бо вуҷуди дарки ҳамзабонӣ ва фарҳанги муштарак, ӯ гӯшзад хоҳад кард, ки бо назардошти манофеи дарозмуддати худ, барои Тоҷикистон хуб нест, ҳоло бо Эрон дар чунин замон ҳамкориву робитаи зич дошта бошад.”

Радиои Озодӣ: Дар гузашта раҳбарони Тоҷикистон пайваста ба мақомоти Амрико доир ба рафтори давлати Узбакистон шикоят кардаанд. Фикр мекунед, ки ин масъаларо хонум Ҳилларӣ Клинтон зимни мулоқот бо раҳбарони Узбакистон ҳам дар миён бигузорад?

Брюс Панир
Брюс Панир
Брюс Панир: “Мутмаинам, ки ин як масъалаи мавриди баҳс хоҳад буд. Шояд вазири умури хориҷаи Амрико ин масъалаи равобити Тоҷикистону Узбакистонро худаш матраҳ накунад, вале ба назари ман Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо дар миён мегузорад ва раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов низ ҳамин масъаларо эҳтимолан ба баҳс хоҳад кашид. Як ҳолати таассуфоваре шудааст, ки ҳукуматҳои ду кишвар мекӯшанд, дар баҳсашон бар сари нерӯгоҳҳои барқӣ ва захираҳои об дар минтақа қудратҳои бузургро ба тарафи худ кашанд. Барои Амрико муҳим аст, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳам ҳамкорӣ кунанд. Бадтарин сенария барои Амрико дар талошҳояш барои истиқрори сулҳ дар Афғонистон ин хоҳад буд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбакистон ба ҳам наоянд ва ҳамкорӣ накунанд. Дар ин ҳол Амрико дар таъмини нерӯҳояш дар Афғонистон мушкил хоҳад дошт ва ин дарди сарест, ки ҳукумати Амрико намехоҳад дошта бошад. Шояд хонум Клинтон назари тарафи Амрикоро дар робита ба масъалаи равобити ду тараф бигӯяд, вале бидуни шак ба ҳукуматҳои ҳарду кишвар ҳушдор хоҳад дод, ки роҳи ҳалли мусолиматомез ба нафъи ҳарду кишварро пайдо кунанд ва ҳар чӣ зуд ин мушкилотро паси сар намоянд.”

Радиои Озодӣ: Вазъ ҳоло тағйир ёфтааст ва зарурати Амрико ба кӯмаки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳалли мушкили Афғонистон, бештар шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, чунин ҳол метавонад, сабаби нодида гирифтани вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шавад, ки ба тасвири ин вазъ ниёз нест. Хонум Клинтон то куҷо ин масъаларо ҳам матраҳ хоҳад кард?

Брюс Панир: “Вазири умури хориҷаи Амрико ҳамеша муваззаф аст, ҳар вақте ки ба ин кишварҳо биравад, масъалаи ҳуқуқи инсонро матраҳ кунад, на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки кишварҳои зиёди дигар, ки ин мушкилро доранд. Амрико солҳо боз худро мудофеи ҳуқуқи инсон ва арзишҳои демократияву озодиҳои бунёдӣ медонад ва ҳуқуқи инсон чизест, ки бояд дар бораи он бигӯяд. Шумо дуруст гуфтед, ки вазъ тағйир ёфтааст ва Амрико назар ба гузашта ба Осиёи Марказӣ ҳоло ниёзи бештар дорад. Ба назари ман, дар феҳрасти масоиле, ки хонум Клинтон бо раҳбарони Осиёи Марказӣ матраҳ хоҳад кард, аввал масъалаи Афғонистон аст, дуввум ин ки мо мехоҳем, кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои минтақавӣ беҳтар дошта бошанд. Шояд ҳуқуқи инсон масъалаи шашум ва ё ҳафтум бошад ва гуфта шавад, хуб аст, ки Шумо барои беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон кор кунед, ки ин ба худи Шумо ва ҳам ба боло бурдани обрӯи кишвари Шумо кӯмак мекунад. Ҳам барои кишварҳои демократии ғарбӣ ҳамкорӣ бо Шуморо осонтар мекунад.”
XS
SM
MD
LG