Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон мехоҳад иддаои сӯиқасд ба сафири Саудӣ ба исбот расад


Ромин Меҳмонпараст
Рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо телевизиони Алҷазира Маҳмуд Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон гуфт, Вошингтон сӯиқасди як эронӣ ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Вошигтонро бофтааст ва бад-ин тариқ мехоҳад миёни Эрону Саудӣ нифоқ андозад ва дар минтақаи Халиҷи Форс ҳукм ронад.
Имрӯз дар идомаи ин изҳорот Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи ҳукумати Эрон дар нишасти хабарие дар Теҳрон гуфт:

“Мо мутмаинем, агар иддаое дар ин замина доранд, аввал бояд мустанадотро ироа бидиҳанд. Бояд ин мустанадот баррасӣ шавад. Бояд ҳар иттиҳом ба исбот бирасад”.

Аҳмадинежод дар мусоҳибааш гуфт, иддаои Амрико дар бораи сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Вошингтон ба иддаое дар бораи аслиҳаи куштори ҷамъии Ироқ шабоҳат дорад, ки Амрико соли 2003 пеш гузошта буд ва он баҳонаи таҷовузи Амрико ба Ироқ шуд.

Додгоҳи федеролии Амрико ду нафарро ба гумони тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони сафири Саудӣ дар Вошингтон муттаҳам мекунад. Ҳоло яке аз онҳо, ки шаҳрванди эронитабори Амрико мебошад, дар боздошт дар Амрико ба сар мебарад. Нафари дуввум мақоми баландпояи Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG