Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти иваз кардани Шалит ва зиндониён идома дорад


Гилад Шалит
Гилад Шалит
Мақомоти Ҳамос мегӯянд, ки Гилад Шалит-сарбози исроилӣ барои доду гирифт бо сарбозони фаластинӣ ба Миср интиқол дода шуд. Гилад Шалит бахше аз амалиёти доду гирифт миёни Исроилу Фаластин аст, ки бо садҳо нафар зиндониёни фаластинӣ иваз мешавад. Исроил дар ивази Шалит бояд бештар аз 1 000 тундрави фаластиниро озод кунад. Шалит аз соли 2006 ба ин су, яъне аз замони боздошташ ба дасти нируҳоии Ҳамос дар қисмати зери контроли Ҳамос дар Ғазза нигаҳдорӣ мешуд. Амалиёти доду гирифт ҳафтаи гузашта бо миёнҷигарии Миср миёни Ҳамос ва Исроил ҳамоҳанг шуд.
XS
SM
MD
LG