Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зода меҳнатзода меҳнатзода мемирем мо...


Ҳарчанд истифода аз кори кӯдак дар Тоҷикистон манъ аст, вале қисмати зиёди кӯдакон маҷбуранд, ки барои пайдо намудани рӯзии худ кор кунанд.

Тибқи арзёбии созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон, дар Тоҷикистон ҳудуди 150 ҳазор наврасон машғули кор ва он ҳам корҳои сангину пурмашаққат ҳастанд.

Шуғли асосии кӯдакони коргар аробакашӣ, селофанфурӯшӣ, боркашонӣ, поксозии пойафзоли одамон ва талбандагӣ будааст. Майрамбӣ Ғафурова, мудири шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати Хатлон, мегӯяд, гурӯҳҳои махсусе ҳам ҳастанд, ки аз меҳнати кӯдакон сӯистифода карда, онҳоро гӯиё сарпарастӣ мекунанд, аммо қисмати асосии даромадашонро, ки аз кори бозору хиёбонҳо ва талбандагӣ ба даст меоранд, аз дасти ин кӯдакон кашида мегиранд.


гузориши тасвирии моро дар ин ҷо бубинед


Ҳоло хариду фурӯши оҳан ҳам ба як намуди маъмулу сердаромади тиҷорат табдил шудааст. Барои ҷамъоварии оҳану оҳанпораҳо бештар аз нерӯи кори ғолибан арзони кӯдакон истифода мешавад. Бархе аз кӯдакон имрӯзҳо худро ба партовгоҳҳову хиёбонҳо мезананд, оҳанкобӣ мекунанд, то онро фурӯхта, маблағе ба даст оранд.


Бахши аъзами кӯдакони деҳот ба кори сангини саҳро, аз ҷумла пахтачинӣ ва кишоварзӣ машғул мешаванд. Дар водии Вахш мавзеъҳои маскунии беоб низ зиёд аст. Ба таври умум, асосан кӯдакон масъули таъмини аҳли хонавода бо оби нӯшиданӣ ҳастанд, ки аз роҳҳои дур обро ба хона мекашонанд.

Мактабҳои деҳот ҳам дар масофаҳои дур воқеъ аст. Кӯдакон гоҳе то 3-4 километр роҳро барои расидан ба мактаб тай мекунанд. Волидайни нисбатан дорои чунин кӯдакон, барои фарзандонашон хар харида додаанд, то савори он шуда, ба мактаб бирасанд.

Бо ин вуҷуд ҳам, омори расмӣ мегӯяд, ки дар вилояти Хатлон наздик ба ду ҳазор кӯдак аз таҳсил дар мактабҳо канор мондаанд. Бештари кӯдакони фориғ аз дабистонҳо ҳоло дар бозорҳо ва фурӯшгоҳҳо ба қавле мардикорӣ мекунанд. Кӯдакони коргар асосан аз хонаводаҳои нодору ниёзманд будаанд. Давлат барои хариди ашёи таълимӣ ба кӯдакони хонаводаҳои камбизоат ҳар сол 40 сомонӣ, муодили чизе беш аз 8 доллари амрикоӣ, кӯмакпулӣ медиҳад. Аммо ин маблағ барои таҳсили босифати онҳо нокофӣ будааст.

XS
SM
MD
LG