Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари қарибулвуқӯи раиси маҷлиси Эрон ба Душанбе


Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон, рӯзҳои 20 ва 21-уми октябр бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, оқои Лориҷонӣ дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва вазири умури хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ дидору гуфтугӯ мекунад. Солҳои охир ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодии Тоҷикистону Эрон тавсеа ёфта, ин навбат низ қарор аст бештар масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои миёни ду кишвар ҳамзабону ҳамфарҳанг матраҳ шаванд. Дар паради ҳарбии рӯзи истиқлоли Тоҷикистон имсол Душанбе намоиши нирӯи ҳарбии артиши Эронро дар пойтахти кишвар ташкил кард, ки аз ҷониби мунаққидон чун пайғоме ба бархе давлатҳои адоватпешаи Тоҷикистон арзёбӣ шуд.
XS
SM
MD
LG