Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳукми зиндони “амир” ва се аъзои Ҳизби Таҳрир


Муҳокимаи чаҳор узви Ҳизби Таҳрир, Хуҷанд
Муҳокимаи чаҳор узви Ҳизби Таҳрир, Хуҷанд

Додгоҳи Cуғд чаҳор узви Ҳизби Таҳрирро, ки тобистони имсол боздошт шуда буданд, аз 20 то 22 соли зиндон маҳкум кард.

Абдунабӣ Абдулқодиров, ки дар ҷараёни додгоҳӣ худро «масъули Ҳизби Таҳрир» дар вилояти Суғд унвон кард, Иброҳимбек Маҳмудов, Яҳёхон Раҳмонхӯҷаев ва Талъат Мавлонов барои "ташкили гурӯҳи ҷиноӣ", "барангехтани хусумати милливу мазҳабӣ", "иштирок дар созмонҳои экстремистӣ" ва ҳамчунин "даъват ба сарнагунии сохти конститутсионии давлат" муҷрим шинохта шуданд. Ин гурӯҳ моҳи июни соли равон боздошт шуда буданд.

Бо ҳукми додгоҳ Абдулқодиров ва Раҳмонхӯҷаев 20 сол ва Мавлонову Маҳмудов 22 соли ба пушти панҷараи зиндон фиристода шуданд. Додгоҳ ҳамчунин гуфт, ки амволи ин афрод бар фоидаи давлат мусодира шуда, онҳо ҳуқуқи фаъолият дар ҳамагуна иттиҳодияи диниро батамом аз даст додаанд.

Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ се нафар аз ин афрод: Абдунабӣ Абдулқодиров, Яҳёхон Раҳмонхӯҷаев ва Талъат Мавлонов худро узви Ҳизби Таҳрир номиданд. Танҳо Иброҳимбек Маҳмудов, сокини ноҳияи Мастчоҳ гуфт, ба Ҳизб Таҳрир шомил нест. Ба гуфтаи худи Маҳмудов, вай соли 2009, дар маҳбаси Хуҷанд ҳамроҳи нафари дигар аз ин гурӯҳ, Талъат Мавлонов зиндонӣ буд ва 2 моҳ аз ӯ аз рӯи китоби «Низоми ислом» сабақ омӯхт. Иброҳимбек Маҳмудов дар додгоҳ гуфт, вай ҳадафи шиносоӣ бо ақидаву барномаҳои Ҳизби Таҳрирро надошт ва омӯзишаш ба хотири огоҳии бештар бо дини ислом сурат гирифта буд.

Иброҳимбеки 30 сола дорои маълумоти миёна аст ва бори аввал, соли 2006 бо иртикоби қочоқи маводи мухаддир 13 сол ҳукми зиндон гирифтааст. Талъат Мавлонови 23 сола, сокини ноҳияи Истаравшанро додгоҳи Хуҷанд соли 2009 бо ҷурми «ғоратгарӣ» барои 3 сол ба зиндон фиристода буд. Ҳар ду бо татбиқи қонуни афви қаблӣ аввалҳои соли равон ба озодӣ баромадаанд ва инак, ба муҳлати 22 сол боз равонаи маҳбас гаштанд.

"БА ДОДГОҲИ ОЛӢ ШИКОЯТ МЕБАРЕМ..."

Шуҳрат Эҳсонов, вакили дифоъи Яҳёхон Раҳмонхӯҷаев, яке аз маҳкумшудагон мегӯяд, вай ва зерҳиямояаш аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва хостори бознигарии парванда хоҳанд шуд. Вай афзуд: «Додгоҳ ваҷҳҳои бори аввал ҷиноят содир кардани зерҳимояи ман, ҷавонӣ ва сидқан пушаймон будани вайро ба назари эътибор нагирифт ва ҳукми сахт содир кард. Мо ба Додгоҳи Олӣ шикоят ва бозбинии парвандаро талаб хоҳем кард.»

Вале се нафари дигари ин гурӯҳ дар мурофиа бе вакили дифоъ иштирок карданд ва ба гуфтаи додрас Шодихон Назаров, аз хадамоти ҳимоя ихтиёран даст кашидаанд.

Додгоҳи ин гурӯҳ аз миёнаҳои моҳи август то нимаи октябр идома дошт.
Назирҷон Абдураҳимов, айбдоркунандаи давлатии парвандаи ин афрод гуфт, дар зимни тафтишот фаъолияти онҳо дар Ҳизби Таҳрир бо далелҳои шайъӣ, аз ҷумла паҳн кардани варақаву адабиёт ва маҷаллаҳои Ҳизби Таҳрир ва омодаву даъвати сокинон ба ин ҳаракат исбот шудааст.

"МАСЪУЛ"- ТАҲРИР ДАР ЗИНДОН...

Зимнан, Абдунабӣ Абдуқодиров, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар додгоҳ худро раҳбар ё ба истилоҳ «масъул» - и ин ҳизби мамнуъ дар вилояти Суғд номид ва афзуд, ҳадафи онҳо барпо кардани хилофати исломӣ аст. Ба гуфтаи худи Абдуқодиров, вай соли 1998 ба Ҳизби Таҳрир шомил шуда, аммо шогирдонаш дар 3 соли ахир ба ин ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ пайвастаанд. Ҳамчунин вай пинҳон надошт, ки ду нафари маҳкумшуда низ аз вай таълимоти Ҳизби Таҳрирро омӯхтаанд.

ЧАРО МАЙЛИ ҶАВОНОН БА СӮИ СОЗМОНҲОИ ТУНДГАРО?

Давлати Тоҷикистон, ки мехоҳад як давлати демократии дунявӣ бунёд кунад, фаъолияти Ҳизби Таҳрирро ҳанӯз соли 2001 мамнӯъ эълон карда, соли 2008 онро ба феҳрасти созмонҳои тундгаро шомил намуд. Аз ин рӯ, дар солҳои ахир аъзои бодоштшудаи ин ҳаракатро шадидан маҳкум мекунад. Вале аз чист, ки бо вуҷуди таъқиб ва муҷозоти шадид, ҳанӯз ҳам нафароне ба ин ҳаракат шомил мешаванд?

Маҳмудҷон Дадобоев, коршиноси маҳаллӣ як омили аслии ин вазъро дар вуҷуди як холигоҳи идеологию маънавӣ дар ҷомеа мебинад. Вай мегӯяд: «Ҳар як инсон дар ҳаёт новобаста ба синну сол, шуғл ва ғайра ба бӯҳрони равонӣ рӯ ба рӯ мешавад. Дар ҳамин мавридҳо созмонҳову гурӯҳҳову нафароне, ки ғаразҳои сиёсиву идеологиву мазҳабӣ доранд, аз пайи ҷалби ин гуна одамон мешаванд. Ба гуфтаи Дадобоев, онҳо касонеро барои мақсадҳои худ истифода мекунанд, ки калавандаанд, вазъи иҷтимоии хуб, иродаи мустаҳкам ва дониши динии ба қадри зарурӣ надоранд.»

Аз нигоҳи ин коршинос, эҳтимол дорад пас аз боздошт ва ҳабси раҳбари минтақавии Ҳизби Таҳрир, фаъолияти ин ҳаракат дар шимоли Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳад.

ДАҲҲО ТАН ТАҲРИРӢ ДАР ЗИНДОНҲОИ ТОҶИКИСТОН

Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, дар соли 2010 алайҳи навад узви гурӯҳҳои ифротгаро дар ин вилоят парванда боз карда буд, ки 42 парванда ба аъзои Ҳизби Таҳрир марбут аст.

Дар чанд соли пеш Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нашри адабиёти таблиғкунандаи ин ҳизб, ба мисли "Низоми ҳокимият дар ислом", "Садо аз қаъри зиндонҳо", "Госаппараты халифата", "Пиндорҳои Ҳизби Таҳрир", "Назарҳои сиёсии Ҳизби Таҳрир", "Ислом низоми", "Ислом давлати", "Демократия низоми куфр аст"-ро, ба забонҳои узбакӣ ва тоҷикӣ барои амнияти миллии Тоҷикистон хатарзо номид.

Вале ин мамнӯъиятҳову боздоштҳову муҳокимаҳои аъзои Ҳизби Таҳрир дар ҳолест, ки ин ҳизб ахиран маҷаллаи худро ба забони тоҷикӣ ва бо номи "Субҳи хилофат" интишор намуд.
XS
SM
MD
LG