Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Олмон бо Ҳомиди Карзай мулоқот кард


Кристиан Вулф, раиси ҷумҳури Олмон имрӯз бо як сафари давлатӣ вориди Афғонистон шуд ва бо ҳамтои худ Ҳомиди Карзай дар шаҳри Кобул мулоқот кард. Кристиан Вулф гуфт, баъди аз нерӯҳои байналмилалӣ ба ихтиёри нерӯҳои афғон гузоштани масъулияти таъмини амният ҳам “Олмон ҳамчунон як дӯсти боэътимоду содиқ ва шарики Афғонистон хоҳад монд.” Раиси ҷумҳури Олмон баъди дидор бо Ҳомиди Карзай ҳамчунин бо намояндагони ҷомеаи маданӣ, мудофеъи ҳуқуқ, бахусус ҳуқуқи занон мулоқот кард. Сафари раиси ҷумҳури Олмонро бо назардошти далоили амниятӣ аз қабл эълом накарданд. Олмон дар Афғонистон ҳудуди 5 ҳазор сарбоз дорад, ки қарор аст то соли 2014 ин кишварро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG