Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот алайҳи нобаробариҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон


Тазоҳурот алайҳи бонкдору, сиёсатмадорон ва нобаробарии иқтисодӣ дирӯз дар саросари шаҳрҳои кишварҳои ҷаҳон баргузор шуд. Бузургтарин раҳпаймоии олуда ба хушунат дар шаҳри Рум пойтахти Итолиё сурат гирифт, ки дар онҷо маъмурони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарони хашмгин аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода карданд. Тазоҳургарон дар инҷо сангу шиша ҳаво медоданд. Дар Ню Йорк, ки раҳпаймоиҳо аз онҷо сарчашма гирифтанд, дирӯз 70 нафар тазоҳургарро зимни ҳаракаташон ба як майдони марказии шаҳр дастгир карданд. Бино ба гузоришҳо, тазоҳурот рӯзи шанбе дар 951 шаҳри 82 кишвар дар Осиёву Авруро, Африқо ва Амрико баргузор шудааст.
XS
SM
MD
LG