Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи "рӯҳбаландкунандаи" Гурӯҳи 20 ба бонкҳо


Вазирони молияи 20 иқтисоди бузургтарини ҷаҳон ваъда доданд, ки дар сурати зарурат ба бонкҳо кӯмак мекунанд, то сармояи кофӣ барои фаъолият дошта бошанд. Вазирони молияи Гурӯҳи 20, ки ду рӯз боз дар шаҳри Порис гуфтӯгу доранд, имрӯз як чунин баёния нашр карданд. Бар асоси ин баёния ҳамчунин қарор аст, 23 октябр сарони кишварҳои ҳавзаи евро гирди ҳам оянд ва тақвияти хазинаи кӯмаки молиии Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ кунанд, то ба кишварҳои дармонда дар бӯҳрони молӣ кӯмаки бештар карда тавонад. Нишасти вазирони молияи Гурӯҳи 20 дар пойтахти Фаронса дар ҳоле баргузор мешавад, ки нигарониҳо аз сирояти бӯҳрони молии ҳавзаи евро ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ боло гирифтааст.
XS
SM
MD
LG