Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин парвози Боинг 737-900 дар Тоҷикистон


Boeing 737-900-и "Сомон-Эйр"
Boeing 737-900-и "Сомон-Эйр"
Дафтари матбуотии ширкати ҳавоии “Сомон-эйр” ба “Азия-Плюс” хабар додааст, ки ҳавопаймои нави ин ширкат Боинг 737-900 13 октябр ба Санкт-Петербург парвоз ва имрӯз аз он ҷо баргаштааст. Дар нахустин парвози ин ҳавопаймо 96 мусофир ба Санкт-Петербург ва дар бозгашт 172 мусофир ба Душанбе парвоз кардаанд. Ин парвозро комилан халабонони Тоҷикистон анҷом додаанд. Боинг 737-900 аз насли нави ҳавопаймоҳои Боинг ба шумор меравад. Ин ҳавопаймо дар хатҳои сайри Душанбе-Франкфурт, Душанбе-Дубай, Душанбе-Истамбул, Душанбе-Ҷидда, Душанбе-Урумчӣ, Душанбе-Маскав, Душанбе-Санкт-Петербург ва ҳамчунин Душанбе-Бангкок ва Душанбе-Сеул парвоз хоҳад кард. Ин боингро ширкати “Сомон-эйр” 29 сетябри соли ҷорӣ гирифт.
XS
SM
MD
LG