Чаҳор сенатори калидии Иёлоти Муттаҳида ба ҷумлаи раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенат аз мақомоти Туркманистон хостаанд, ҳукми ҳабси хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод Давлатмурод Язқулиев бознигарӣ шавад.
Додгоҳи Туркманистон рӯзи 6-уми октябр
журналистро бо иттиҳомоте, ки тарафдоронаш бофта ва сохта меноманд, ба 5 соли ҳабс маҳкум кард.
Сенаторон Ҷон Керрӣ, Ричард Дурбин, Бенямин Кардин ва Кристен Ҷиллибранд дар номае ба сафири Туркманистон дар Вошингтон ҳукумати ин кишварро ба таҳқиқи такрории парвандаи Язқулиев даъват карданд ва мегӯянд, муҳокимаи хабарнигор одилона набудааст. Мақомоти Туркманистон Язқулиевро ба таъсир ё иғвои як худкушӣ айбдор мекунанд, аммо аксари ҳамкоронаш бар инанд, ки пахши иттилоъ дар бораи таркиш дар анбори аслиҳаи Ободони Туркманистон сабаби муҳокима шудааст. Раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Стив Корн ин парвандаро «як беқонунӣ» номид.
«Ин муҳокимаи қалбакӣ ва ҳукми золимона нишон медиҳад, ки ҳокимони Туркманистон дар мавриди матбуот на ба қонун ва на ба меъёрҳо эътино намекунанд. Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ шадидан аз ин ҳукм эътироз мекунад ва аз дигар аъзои ҷомеаи байнулмилалӣ даъват мекунад, ки низ ҳукмро маҳкум кунанд.»
Язқулиев аввалин хабарнигоре буд, ки дар бораи инфиҷори анбори аслиҳа дар Ободони Туркманистон дар моҳи июли имсол гузориш дод. Матуботи давлатии Туркманистон талош кард, ин воқеаро камаҳамият ҷилва диҳад, вале маълум шуд, бар асари он бино бар омори расмӣ 14 ва ғайрирасмӣ садҳо нафар кушта шудаанд. Баъд аз пахши гузориши Язқулиев Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ӯро ҳушдор додааст.
Дертар, 27-уми сентябр Язқулиев бо иттиҳоми “таҳрик ё иҷбор” ба худкушӣ айбдор боздошт шудааст. Ин дар ҳоле буд, ки дар хонаводаи бародари ӯ мушкил рӯ зада буд ва ҳамсари бародараш талоши худкушӣ кард. Аммо хешону наздикони Язқулиев дар номае ба раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ин иттиҳомотро бедалел номида ва рад карданд. Онҳо мегӯянд, иттиҳоми қалбакӣ аз тарафи кормандони хадамоти махфии кишвар омода шудааст.
Муҳокимаи Язқулиев баъд аз соати корӣ, паси дарҳои баста ва бе ширкати вакили ӯ ҷараён ёфта, ҳукми ҳабси ӯ эътирозҳоеро ба бор овардааст. Дафъатан пас аз эълони ҳукм узви Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳида Ҳовард Берман, ки узви аршади Кумитаи умури хориҷии маҷлис аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Язқулиев намунаи падидаҳоест, ки бояд ҷомеаи озод онҳоро таҳаммул накунад.
Дар номаи сенаторони амрикоӣ ба мақомоти туркман гуфта мешавад, ки ҳукми Язқулиев идомаи парвандаи маҳбусони сиёсиест, ки мояи нигаронӣ ва эътирози созмонҳои байнулмилал шудааст. Аъзои Бунёди Ҳелсинкии Туркманистон Аннақурбон Амонқличев, Сафардурдӣ Ҳоҷиев ва фаъоли ҷамъиятӣ Гулгелдӣ Аннаниёзов ҳоло дар маҳбас ба сар мебаранд.
Сафорати Туркманистон дар Вошингтон аз шарҳи номаи сенаторон худдорӣ кард.
Додгоҳи Туркманистон рӯзи 6-уми октябр
Ин муҳокимаи қалбакӣ ва ҳукми золимона нишон медиҳад, ки ҳокимони Туркманистон дар мавриди матбуот на ба қонун ва на ба меъёрҳо эътино намекунанд...

.дар ватани худ мехондан кучоо рафтан. Ман хам аз хамин кор дар ачабам ки агар дар кишвари мо донишгохой исломи ва гайри исломи хаст ,барой чи толиб илмон ба кишавархой дигар барой касби илм мераванд? ачибтар аз он ин аст ки оё хар касе ки дар ЧИЭ буде чосус ва терарист аст, ва бояд солхой дароз аз озоди махрум карда шавад!!? Ман ин саволро аз кормандон амнияти ЧДТ пурсидани хастам ки бо ин кор ки шумо кардед хеле аз хоначодахоро сарсону саргардон кардед!! Хонаводахой ке бе сарпараст монданд баьзе аз онхо 6 мох аст ки пули квартира натавонистанд бидан ва бо машакат зиндаги доран. Дар холе ки хиччччч гунохе надоштаан ва танхо гунохашон будани дар ЧИЭ будааст.!!! Оё ин аст рохи таьмини амният дар ТЧ?????!!!!
Хамин донишчуен бо хохиши худ пас аз аз даъвати президент ба ватан баргаштанд. Шояд хаминхо гунохе надошта бошанд. Инхо аз дуне чиро дидаанд. Холо аз дахонашон буи шир меояд. Хамаи мо хам фарзанд дорем мехохем онхо дар зиндаги хушбахт бошанд. Падару модарони онхо хам низ хаминро мехохан. Агар хукумат ин чавононро озод кунад, бисёр кори савоб мекунад ва ин обруи хукумат ва президент ро боло мебардорад.
Анушервон ба мантики суханат эьтибор дода баьд навис.Илм як чузьи дин аст.Аз хазрати Одам алайхиссалом то хазрати паембари охиратзамон-Мухаммади Мустафо салаллоху алайхи ва саллам ва китобхои мукаддас сарчашмаи илму хикмат буданд.Форси ту ба шарофати арабхо ва фарханги бои араб одамбин ва назаррас шуд.Шеьри порсии ту ба шарофатии арузи араб,вазну кофияхои пуробу ранги каломи араби Рудахону Анваридон шуд вагарна мо будему кавми дур аз олами фарханг ба мисли чугиен!!!
Мухтарам, раис! Чунин изофанависй магар солхои пештар набуд? замоне ки шумо муовини аввали раиси ин вилоят, раиси нохияи Фархор ва то имсол, ки рохбари вилоят хастед? Магар дар ду соли аввали нирохбарии шумо изофанависй набуд? Ё ягон одами дигар ин изофанависиро ошкор кардаасту гуё шумо онро ошкор карда бошед?
ТУПИЗНА..... 2350 сол пеш Искандари Мақдунӣ аз Юнон то Эрону аз онҷо то Суғд (Хуҷанд - Эсхата) омад, аз он ҷо ба тарафи шарқ Помиру Қошғар (Шинҷон) рафт, дар он ҷо мардум (бобоҳои уйғурҳо) ба у гуфтанд, ки қавми яҷуҷу маҷуҷ (чиниҳо) ҳар гоҳе ба онҳо ҳамла мекунанд, ӯ барои пешгирӣ аз ҳамлаи онҳо Саддеро сохт (Девори бузурги чинӣ - Великая китайская стена) , ки аз он ба ин тараф гузашта натавонанд, ин то 1000 сол давом кард, баъд дар солҳои 630 аз девор гузаштанд, ба тарафи Муғулистону Осиёи Миёна ҳамла карданд, форсу туркҳо бо ҳамроҳии арабҳо пеши роҳи онҳоро гирифтанд, боз 600 сол пас муғулҳо (набераҳои чиниҳо) қавӣ шуда, ба Осиёи Миёна ҳамла карданд, то Қуния (Туркия) рафтанд, 150 сол баъд ба ҷои онҳо Амир Темур омад, боз то Осиёи Хурд (ҳамон Туркия) ҳамла карда рафт, ИНҲО БОШАНД АФСОНА МЕНАВИСАНД, мо арусҳо ва ғуломҳои чиниҳо будем гуфта мегарданд.