Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо Черногория ва Сербистонро хушҳол кард, вале..


Кумиссиёни Аврупо имрӯз тавсия дод, то ба Сербистон мақоми номзад ба узвият дар Иттиҳодияи Аврупо дода шавад, вале гуфт, ҳаргуна музокирот дар мавриди узвияти он кишвар, бояд баъди беҳбуди равобиташ бо Косово шурӯъ шавад. Стефан Фюлӣ, масъули умури тавсиаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, беҳбуди равобит бо Косово, “як шарти аслии пазируфтани Сербистон” ба иттиҳодия аст. Дар гузориши солонаи кумиссиён доир ба пешрафти 9 кишвари муштоқи пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо гуфта шудааст, музокироти узвият бо Черногоррия бояд шурӯъ карда шавад. Дар робита ба Туркия гуфтаанд, ки Иттиҳодияи Аврупо бояд музокирот бо ин кишварро идома диҳад, агарчӣ соли гузашта ҳеҷ пешрафте дар ин замина ҳосил нашудааст.
XS
SM
MD
LG