Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ Тимошенкоро муҷрим шинохт


Юлия Тимошенко
Юлия Тимошенко
Қозии додгоҳи Киев, ки ҳукми Юлия Тимошенкоро қироат мекард, гуфт, сарвазири собиқи Украина ба ширкати “Нафтогаз” барои имзои қарордоди газ дар соли 2009 амр дода, бо ин аз ҳадди салоҳиятҳояш берун рафтааст. Қозӣ Родион Киреев гуфт, ин иқдоми Тимошенко ба “Нафтогаз” 1,5 миллиард ҳривна, муодили 188 миллион доллар, зиён овард. Додситонҳо барои Тимошенко аз додгоҳ 7 сол ҳукми зиндон пурсидаанд. Худи ӯ додгоҳашро натиҷаи интиқоми сиёсии раисиҷумҳур Виктор Янукович мешуморад. Ӯ имрӯз ҳангоми танаффус дар мурофиа гуфт: “Ягон кас дар ҷаҳон ва дар Украина ба ҳеҷ кадоме аз ҷиноёти дар инҷо эълоншуда бовар надорад. Аз ин рӯ, касе – на Янукович ва на Киреев қодир нест, номи поки маро доғдор кунад.”
Юлия Тимошенко аз раҳбарони “инқилоби норанҷӣ”-и соли 2004, дар интихоботи соли гузашта аз Янукович шикаст хӯрд. Ӯ аз 5 август дар боздошт қарор дорад.
XS
SM
MD
LG