Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар нақши жандарми СПАД?


Вокунишҳо ба тасвиби протоколи иловагӣ ба СПАД аз сӯи Думаи Русия, дар маҳофили Тоҷикистон ба гунаи мухталифе баён мешаванд.

Ин тағйиру иловаҳо ба асосномаи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, заминаи мудохилаи созмони мазкур дар умури кишварҳо ба ғайр аз мавриди ҳуҷум қарор гирифтанро низ фароҳам мекунад. Ва СПАД метавонад ба истиснои ҳуҷуми хориҷӣ, дар ҳар ҳолати дигаре низ, ки истиқлоли кишварҳои узв мавриди таҳдид қарор бигирад ва ё суботи дохилии онҳо ба хатар мувоҷеҳ шавад, даст ба кор шавад. Яъне ислоҳоти воридшуда дасти СПАД ва ҳамин тавр имконоти Русия ба унвони меҳвари ин созмонро дар мудохила ба қазияҳои дохилии кишварҳо бозтар мекунад.

ОЁ ТАСВИБИ ПРОТОКОЛ БА НАФЪИ ТОҶИКИСТОН АСТ?

Ҷамъе аз таҳлилгарон ва маҳофили сиёсӣ ба ин боваранд, ки ин иқдом ношӣ аз нигаронии кишварҳои узви СПАД дар пайи инқилобҳои арабӣ ва аз такрори ин гуна таҳаввулот дар ин кишварҳо мебошад. Ҷамъе ҳам онро баъд аз ҳодисаҳои ду соли охири шарқи Тоҷикистон ва ҳодисаҳои соли гузаштаи Қирғизистон, як ислоҳоти табиӣ дар СПАД медонанд. Вале ҳамчунон бархе дигар ин амрро ба унвони фароҳам шудани заминаи ҳуқуқии мудохилаи бештари Русия дар умури кишварҳои узви СПАД унвон мекунанд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:24 0:00
Линки мустақим


Аммо генерал Абдулло Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифоъ ва узви пешини парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки ин як амри табиӣ ва ба нафъи ҳамаи кишварҳои узв, аз ҷумла Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳаводиси ҷаҳони араб кишварҳои узви СПАД-ро водор ба чунин иқдоме кардааст,
Абдулло Ҳабибов
Абдулло Ҳабибов
то дар сурати лузум битавонанд аз такрори чунин таҳаввулоте ҷилавгирӣ кунанд. Генерал Ҳабибов мегӯяд: «Ягон давлат дар танҳоӣ амнияти худро таъмин карда наметавонад. Зеро вобастагиҳо аз ҳамдигар зиёд аст. Он чӣ, ки дар Думаи Русия тасвиб шудааст, ҳамаи кишварҳои узви СПАД онро дастгирӣ кардаанд. Ҳоло вазъият дигар аст, баҳодиҳӣ ҳам дигар аст. Он чӣ, ки дар дунё мегузарад, як суол халқ мекунад, ки довар кӣ аст, довар? Сурияро бинед, ки чӣ мегузарад, дар Либия бинед, ки шуда истодааст».

СПАД ДАР НАҚШИ НАЗОРАТЧӢ...

Дар муаррифии ин протоколи иловагие, ки барои тасвиб ба парлумони Русия ироа шуда буд, гуфта шудааст, ки ба думболи ҳаводиси соли 2010 дар Қирғизистон иқдом ба таҳияи ин санад шудааст. Зеро дар таҳаввулоти Қирғизистон, ки садҳо нафар кушта шуд ва даҳҳо ҳазор ҳам барои як муддате бехонаву ҷо шуданд, СПАД танҳо ин таҳаввулотро назорат мекарду халос. Аммо имкони мудохилаи ин созмон дар он таҳавулот фароҳам набуд.

Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков, вакили МН Тоҷикистон низ тасвиби ин созишномаро барои ҷилавгирӣ аз такрори ин ҳодисаҳо муҳим медонад ва мегӯяд, қабл аз ҳама Русия мехоҳад ба ин тартиб амнияти сармоягузориҳои худро дар кишварҳои узви СПАД таъмин кунад. Аммо дар айни ҳол ин амр ба нафъи кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон низ ҳаст, мегӯяд оқои Талбаков: «Барои ҳимояи ҳамин сармоягузориҳо СПАД бояд тақвият шавад. Аз ҷумла ҳамин Сангтӯда-1 бо сармояи Русия сохта шудааст. Ё сохтмони роҳҳо ва иншоотҳои дигар, ки Русия саҳм дорад, барои ҳимояи ҳамин манфиатҳои Русия ва Тоҷикистон бояд ин иқдомҳо андешида шавад».

Аммо таҳлилгароне ҳам мегӯянд, ки ин ислоҳот дар СПАД заминаи мудохилаи бештари Русия дар умури дохилии кишварҳоро фароҳам мекунад. Ин таҳлилгарон мегӯянд, ки ин тағйиротҳо метавонад ба нафъи сулолаҳои ҳоким дар кишварҳои узви СПАД аз ҷумла Тоҷикистон бошад, аммо ба сурати умумӣ ба манофеъи миллии кишварҳо дар таноқуз қарор дорад.

РУСИЯ-ЖАНДАРМИ СПАД?

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, чунин ислоҳот ба асосномаи СПАД метавонад Русияро, ки меҳвари ин созмонро ташкил медиҳад унвони жандарми СПАД -ро ба худ касб хоҳад кард. Ӯ мегӯяд: «Шояд ин ислоҳот ҳадафҳои хуберо думбол мекард, мисли ҷилавгирӣ аз густариши низоъҳои дохилии кишварҳо ва ё низоъҳои миёни кишварҳо. Аммо фикр мекунам ин кори кӯтоҳбинона аст. Зеро ман наметавонам тасаввур кунам, ки чӣ гуна Русия дар сурати пеш омадани таҳаввулот дар як тарафи он низоъи миллӣ ва ё байнидавлатӣ қарор мегирад. Дар ҳар сурат ин бохти Русия аст, чӣ агар дар низоъҳо мудохила кунад ва дар як тарафи он қарор бигирад ё дар миёни ду тарафи даргир қарор бигирад ва ё ҳам ҳатто агар ҳеҷ мудохилае накунад, мисле, ки дар таҳаввулоти Қирғизистон иттифоқ уфтод. Ба сурати умумӣ роҳбарият алоқаманд аст аз СПАД ба манфиати сиёсати худ истифодаи абзорӣ кунад.»

ПРОТОКОЛ ДАР ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН ТАСВИБ МЕШАВАД?

Ин дар ҳолест, ки то ба кунун ин протокол, ки аз сӯи Тоҷикистон низ ба имзо расидааст барои тасвиб ба МН кишвар ироа нашудааст. Бархе аз вакилони парлумон гуфтанд, ки чунин санадҳое маъмулан баъди тасвиб дар Думаи Русия ба МН ироа мешавад. Ва имкон дорад, ки ба зудӣ ин санад ба МН Тоҷикистон низ ироа шавад ва бидуни шак ба тасвиб хоҳад расид.

Паймони Анияти Дастаҷамӣ дар моҳи майи соли 1992 ба аз сӯи Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Белорус ва Узбакистон таъсис шуд. Ва дар соли 2002 ташкили созмонӣ дод ва ба унвони СПАД муаррифӣ шуд.
XS
SM
MD
LG