Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз рӯзи "Фалак" дар Тоҷикистон


Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи Фалак, ки яке аз мардумитарин сабкҳои мусиқист, ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат дар кишвар барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки фалаксароён барпо мегардад.

Соли панҷум аст, ки Рӯзи Фалак даҳуми октябр ҷашн гирифта мешавад ва санаи таҷлили он бо амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 4-уми августи соли 2007 муқаррар шудааст.

Фалак жанри мардумӣ аст ва муғанниёни зиёде ин ҳунари аҷдодиро тӯли ҳазорсолаҳо барои насли имрӯз мерос гузоштаанд.Фалаксароӣ дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон вижагиҳои худро дорад ва дар қатори вилоятҳои Хатлону Бадахшон, ки макони рушди фалак дониста мешаванд, мардуми Суғду Зарафшон низ ба фалаксароӣ майли зиёд доранд.



Дар ҳоли ҳозир Давлатманди Хол устоди фалаксароӣ дар кишвар ба шумор меравад ва ҳамзамон чеҳраҳои наве дар ин сабк ба саҳна меоянд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:59 0:00
Линки мустақим

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG