Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пол Маккартнӣ бори савум издивоҷ кард


Овозхони машҳур ва узви пешини гурӯҳи «Битл» Пол Маккартнии 69-сола рӯзи якшанбе бо хонуми амрикоӣ Ненсӣ Шевели 51-сола издивоҷ кард. Расми ақди никоҳи ӯ дар дафтаре баргузор шуд, ки ӯ дар соли 1969 бо ҳамсари аввалаш Линда Истман издивоҷ карда буд. Линда аз бемории саратон дар соли 1998 даргузашт ва Пол аз ӯ чаҳор фарзанд дорад. Сипас, Маккартнӣ дар соли 2002 бо Ҳитер Миллс издивоҷ кард, ки дар соли 2008 бо пардохти зиёда аз 40 миллион доллар ӯро талоқ дод ва аз ӯ як духтар дорад. Издивоҷи савуми Маккартнӣ дар зодрӯзи дӯсташ Ҷон Ленон ъаргузор шуд, ки дар соли 1980 аз тарафи шахси ғайримасъуле дар Ню Йорк ба қатл расид.
XS
SM
MD
LG