Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ҳизби сарвазир Доналд Туск дар Лаҳистон


Сарвазири Полша ё Лаҳистон Доналд Туск эълом дошт, ки бино бар натиҷаҳои экзит-пол ё назарсанҷии пасоинтихоботӣ ҳизби ӯ дар раъйдиҳӣ бо бартарии кофӣ пирӯз гаштааст. Дар як паёми телевизионӣ Туск аз тарафдоронаш ташаккур кард ва гуфт, чаҳор соли дигар масъулияти кишварро дар дӯш хоҳад дошт. Бино бар натиҷаҳои назарсанҷии пасоинтихоботӣ, 39,6 дарсади интихобкунандагон аз ҳизби марказу ростгарои Платформаи Шаҳрвандии Туск ҳимоят кардаанд. Ҳизби мухолифони Қонун ва Адолати Ярослав Качински зиёда аз 30 дарсад раъй овард. Дар ҳоле ки Туск тарафдори наздикии бештари Лаҳистон бо Олмон аст, Качински ба таҳкими равобит бо Русия таваҷҷӯҳ дорад.
XS
SM
MD
LG