Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай нокомӣ дар таъмини амниятро иқрор кард


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар даҳумин солгарди ишғоли ин кишвар аз тарафи нерӯҳои таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида иқрор кард, ки ҳукумати ӯ ва ин нерӯҳо натавонистанд амнияти афғонҳоро таъмин кунанд. Амалиёти қувваҳои эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон 7-уми октябри соли 2001 бо ҳадафе оғоз ёфт, ки ҳокимияти Толибон барканор ва шабакаи Ал-Қоида, ки масъули ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 ба шаҳрҳои Амрико шумурда мешавад, маҳв гардад. Дар натиҷаи ҳамлаҳои 11-уми сентябр дар Иёлоти Муттаҳида наздик ба 3000 нафар кушта шуданд. Амалиёти нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон дар муддати кӯтоҳ ҳокимияти Толибонро баҳам зад ва ҳукумати таҳти ҳимояи Амрикоро бо сарварии президент Ҳомид Карзай таъсис дод. Аммо ҷанг дар Афғонистон идома дорад.
XS
SM
MD
LG