Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумо Стив Ҷобсро мешиносед?


Назари сокинони пойтахти Тоҷикистон ба зиндагӣ ва кори Стив Ҷобс, яке аз бунёнгузорони ширкати ҷаҳонгири "Apple".

Стив Ҷобс дар 56-солагӣ, пас аз як бемории тӯлонӣ дунёро падруд гуфт. Бо ин ҳол, Абдулфаттоҳ Ҷандалӣ -- падари Стив Ҷобс дар мавриди марги фарзандаш чизе нагуфтааст.

Ба навишатаи "International Businees Times", профессори собиқи сиёсатшиносӣ Абдуфаттоҳ Ҷандалии 80-солаи суриягӣ гуфааст, "дар мавриди марги писарам чизе гуфтанӣ нестам."

Ҷандалӣ ҳеҷ вақт бо писараш Ҷобс робита надоштааст. Чанде пеш оқои Ҷандалӣ изҳори таассуф карда буд, ки фарзанди худро ба фарзандхонӣ дода буд.

Стив Ҷобс соли 1955 таваллуд шудааст, ки он замон падараш Ҷандалӣ, донишҷӯи факултаи сиёсатшиносӣ ва Ҷон Кэрол Шибл издивоҷ накарда буданд. Кӯдакро Пол ва Клара Ҷобс аз шаҳри Моунтин - Вю, Калифорния ба фарзандӣ қабул карданд.

Кӯдакро Стивен Пол ном гузоштанд. Пас аз даҳ моҳ Ҷандалӣ ва Шибл издивоҷ карданд ва дар ин муддат хоҳари аслии Стив Ҷобс, нависанда Мона Симпсон ба дунё омад. Аммо бо фарқ аз Ҷобс, Мона Симпсон дар оила Ҷандалӣ ва Шибл ба воя расид.

Моҳи августи соли 2011 дар сӯҳбат бо рӯзномаи "The Sun", оқои Ҷандалӣ гуфта буд, ки хоҳиши вохӯрӣ бо фарзанди худро дорад. Аммо вай ҳамчунон гуфта буд, ки «номус»-и суриягии ӯ иҷозат намедиҳад, ки ба ин амр иқдом кунад.

Вай дар идома гуфта буд, ки "Стив фикр накунад, ки ман талоши расидан ба сармояи ӯро дорам. Ман ба пул ниёз надорам. Ба ман писаре даркор аст, ки ман ҳоло ӯро надорам."

Вақте, ки Ҷандалӣ аз бемории Стив огаҳ шуд, ба ӯ таърихи бемориҳои худро фиристод, бо умеде, ки дар табобати Стив кӯмак кунад. Худи Стив бошад ҳеҷ гоҳ кӯшиши бо падари аслияш вохӯрданро намекард, вале чанд бор модарашро ба якчанд маърака даъват карда буд. Вале Стив бо хоҳари аслияш Мона Симпсон иртибот дошт. Стив дар сини 27-солагӣ бори аввал бо хоҳараш вохӯрда буд. Шиносоӣ бо хоҳари аслияш ба Стив кӯмаки бузург карда буд. Маҳз аз хоҳараш ӯ дар бораи волидайни аслияш огаҳ шуд. Аммо Стив ҳамеша падархонд ва модархондашро волидайни асосӣ ва ягона мешумурд.

Хуб, дар бораи ин шахсияти таърихӣ дар Тоҷикистон чӣ маълумот доранд?

Шумо Стив Ҷобсро мешиносед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00
XS
SM
MD
LG