Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қотилони эҳтимолии Павлюк эълон мешавад


Қарор аст, ҳафтаи оянда додгоҳи Қирғизистон ҳукми худро дар мавриди се гумонбаршудаи қатли журналисти саршиноси қирғиз дар Қазоқистон Геннадий Павлюк эълом дорад. Додгоҳи Алмато ин се танро айбдор мекунад, ки Павлюкро бо даступои баста аз бинои баландошёна поён партофтаанд. Павлюк, журналисти мустақил, ки дар Қирғизистон бо тахаллуси Рустам Иброҳимбек маъруф буд, пеш аз сафари Алмато бо раҳбари ҳизби Ота-макони Қирғизистон Омурбек Текебоев вохӯрда, эҳтимоли ҳамкориро баррасӣ кардааст. Наздикони Павлюк мегӯянд, қатли ӯ ангезаҳои сиёсӣ доштааст. Аз се нафари боздоштшуда яке корманди собиқи хадамоти амнияти Қирғизистон будааст.
XS
SM
MD
LG