Мақомоти Русия мегӯянд, онҳо иттиҳомоти наверо зидди гумонбаршудагони қатли журналисти саршинос Анна Политковская эълон мекунанд. Ин дар ҳолест, ки бо гузашти панҷ сол пеш онҳо натавонистаанд, ҳеҷ кадом аз гумонбаршудагонро маҳкум кунанд. Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, зодаи Чечнистон Алӣ Гатукаевро созмондиҳандаи қатл мешуморад ва акнун зидди Рустам Маҳмудов, ки иҷрокунандаи фармоиш шумурда мешавад, айбномаи нав эълон хоҳад кард. Мақомот ахиран афсари бознишаста Дмитрий Павлюченковро айбдор карданд, ки дар ташкили қатл кӯмак кардааст, аммо фармоишгарони ин куштор ҳамон номаълум боқӣ мондаанд. Политковская, ки 48-сола буд, 7-уми октябри соли 2006 дар назди манзилаш дар Маскав кушта шуд. Вай бо мақолаҳои танқидияш дар бораи фасод дар Русия, ҷанги Чеченистон ва амалкардҳои президенти вақти Русия, Владимир Путин машҳур шуда буд.