Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот ба хотири раҳоии чаҳор пулиси қирғиз


Дар ҷануби Қирғизистон дирӯз ҳудуди 100 нафар бо талаби раҳоии чаҳор маъмури пулис, ки ба қатли як шаҳрванди ӯзбактабори Русия муттаҳам мешаванд, тазоҳурот карданд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, мақомоти интизомӣ маъмурони пулисро ба қатли Додомирзо Холмирзоев муттаҳам мекунанд, ки бо иттиҳоми даст доштан дар низоъҳои қавмии моҳи июни соли гузашта дар Қирғизистон дастгир шуд ва ба гуфтаи хешовандонаш бар асари латукӯбу шиканҷаи маъмурони пулис рӯзи 9 август дар бемористон даргузашт.
XS
SM
MD
LG