Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду қазоқро ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд


Додгоҳе дар шаҳри Оқтубаи Қазоқистон чаҳор нафарро ба терроризм гунаҳкор донист ва ду тан аз онҳоро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Гулнур Симатова, сухангӯи додгоҳ гуфт, ду нафари дигар ба 14 соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ ин афродро ба узвият дар гурӯҳе гунаҳкор донист, ки аввали моҳи август бо маъмурони амниятӣ даргир шуданд. Дар ин даргирӣ як маъмури амниятии Қазоқистон кушта шуд. Ҳодиса замоне ба вуқӯъ пайваст, ки маъмурони амниятӣ ба думболи ҳамлаи интиҳорӣ дар як идораи маҳаллии ҳукуматӣ муттаҳамон ба терроризмро ҷустӯҷу мекарданд.
XS
SM
MD
LG