Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 100 маҳбуси гирифтори сил афв шуданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Бар асоси қонуни афв, то имрӯз беш аз 100 маҳбуси гирифтори бемории сил аз маҳбасҳои Тоҷикистон раҳо ёфтанд. Қонуни афви ахир моҳи август ба шарафи солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон тасвиб шуд. Ба навиштаи “Азия Плюс”- ношири ин хабар, то имрӯз беш аз 4 000 маҳбусу муттаҳам, бо шумули 181 зан ва 155 ноболиғ бар асоси ин афви саросарӣ озод шудаанд.
XS
SM
MD
LG