Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи забон ва забони нофаҳмои асноди расмӣ


Аз соли 2009 ба ин сӯ 5-уми октябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мешавад.

Давлати Тоҷикистон барои рушду такомули забони давлатӣ ва боло бурдани мақоми он дар ҷомеа иқдомоти мухталиферо рӯи даст гирифтааст. Барои мисол дар пайи ислоҳот ба чанде аз қонунҳои ин кишвар, донистани забони давлатӣ барои муддаиёни кор дар мақомоти давлатӣ ҳатмӣ хоҳад буд.

ЗАБОНИ НОМАФҲУМИ АСНОДИ РАСМӢ

Ҳамчунин дар як соли пеш Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки вазифаи ин ниҳод назорати иҷрои меъёрҳои забони давлатӣ ва тоза нигоҳ доштани он аст. Аммо бо ин, Рӯзи забони давлатӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле таҷлил мешавад, ки бештари

шаҳрвандон аз муғлақбаёнӣ, номафҳумӣ ва носуфтагии навиштору гуфтори аснод ва афроди расмӣ ба хусус санадҳое, ки аз ҷониби Додгоҳ ва ё Додстонӣ таҳия ва пешниҳод мешавад, шикоят мекунанд.

Матн ва муҳтавои айбнома, ҳалнома ва қарору ҳукмномае, ки додситон ва ё додгоҳ навишта ва ба шахси мазнун ва муҷрим пешниҳод мекунад, дар бештари мавридҳо қобили фаҳм нест. Санадҳои додгоҳу додситонӣ ба ҳадде муғлақ ва нофаҳмоанд, ки шаҳрвандон мазмуну мӯҳтавои онҳоро ба сахтӣ дарк мекунанд ё дар бисёр мавридҳо аз моҳияти он бехабар мемонад. Яке аз маҳбусони собиқ, ки борҳо шоҳиди муҳтавои норӯшани санадҳо шудааст мегӯяд, бо забони нофаҳмо, ҷумлаҳои дарозу берабт ва гоҳо бидуни риояи соддатарин меъёрҳои забон таҳия шудани ин санадҳо боис шудааст, ки корафтода барои шарҳи санад ба чандин нафари дигар муроҷиат кардааст

Бештари ниҳодҳои тафтишотиву додгоҳии Тоҷикистон, ки бояд дар риояти қонун ва аз ҷумла қонун дар бораи забони давлатӣ намуна бошанд, ба ин паҳлӯи масъала камтар аҳамият медиҳанд. Дар ҳоле, ки барои нақзи қонуни забон ва иҷро накардани меъёрҳои он, қонун ҷазо низ пешбинӣ кардааст.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00
Линки мустақим


Аммо Бузургмеҳр Ёров-як тан аз вакилони дифоъ дар Тоҷикистон мегӯяд, забони ниҳодҳои бозрасиву додгоҳии кишвар аз он ҷиҳат душвор ва мураккаб аст, ки масъулин ва кормандони ин ниҳодҳо дурустии баён ва ё навишт ва бахусус навишти содда ва оммафаҳмро барои худ муҳим намешуморанд.

НУСХАБАРДОРӢ АЗ РУСӢ БА ТАБИАТИ ТОҶИКӢ СОЗГОР НЕСТ

Вале нависанда Қодири Рустам бар ин назар аст, ки иллати дуруштиву нофаҳмоии забони кории ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон на ба шахси кормандону масъулон, балки ба қавонини соҳавии онҳо тааллуқ дорад. Оқои Рустам мегӯяд,
Рустами Қодир

дар бештари маворид ҳуҷҷату асноди ин муассисаҳо аз нусхаҳои русӣ рӯбардор мешавад, чуноне, ки дар парлумони Тоҷикистон, ки қонунҳоро таҳия, таҳрир ва тасвиб мекунад ва ҳангоми баргардон аз забони русӣ ҷумлаҳо ба табиати забони тоҷикӣ мутобиқ ва мувофиқ карда намешавад.

Аммо бо ин ҳама, мушоҳидаҳо ҳокист, ки давлат талош дорад ба забони давлатӣ таваҷҷӯҳ бештар зоҳир шавад, махсусан дар сатҳи роҳбарӣ ва забони коргузорӣ. Ахиран Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз муовини аввали вазири дифои ин кишвар, ки дар ҳузури вакилон бо русӣ сӯҳбат кард, ошкоро таъкид дошт, ки ба забони давлатӣ эҳтиром бигзорад ва минбаъд дар ҷаласаҳои парлумон бо забони давлатӣ сухан гӯяд. Ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар паёми табрикотиаш бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ гуфт, ки давлат дар пайи таҳияи «Барномаи роҳбурдии рушди забони давлатӣ» аст.

Вале оё бо ин ҳол мардум дар хонавода аз чӣ забоне истифода мекунанд. Оё бо шева сӯҳбат мекунанд ё бо забони адабӣ.

Вазъи забони гӯишӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG