Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Нобел дар химия ба Шехтман расид


Даниэл Шехтман
Даниэл Шехтман
Ҷоизаи Нобел дар бахши химия имсол ба донишманди исроилӣ Даниэл Шехтман меравад. Фарҳангистони улуми подшоҳии Шветсия гуфт, Шехтман “квазикристаллҳо”- намояе аз атомро кашф кард, ки шеваи идроки маводи ҷомидро барои олимони химия бунёдан дигар кард.” Раҳбари кумитаи Нобел дар бахши химия Ларс Теландер гуфт, ин кашфиёт майдонҳоро барои илм фаровонтар кард. Ин ҷоизаи 10-миллиардкронӣ, муодили 1 миллиону 450 ҳазор доллар, ҷоизаи севвуми Нобел дар соли ҷорист. То имрӯз барандагони ҷоизаҳои Нобел дар тиббу физика эълон шуда, барандагони ҷоизаи адабӣ ва ҷоизаи сулҳи Нобел то 2 рӯзи дигар низ эълон хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG