Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел барои наҷоти евро ба Брюссел меравад


Ангела Меркел дар роҳи наҷоти евро дигар умед танҳо ба Худо бастааст
Ангела Меркел дар роҳи наҷоти евро дигар умед танҳо ба Худо бастааст
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел барои музокироти роҳҳои расидагӣ ба буҳрони қарзҳои минтақаи евро ба Брюссел меравад. Ин дар ҳолест ки нишасти дирӯзаи вазирони молияи 17 кишвари ин минтақа ироаи бастаи навбатии ёриҳо ба Юнони буҳронзадаро то поёни моҳ ба таъхир андохт. Ин иқдом ба нигарониҳо дар бораи таҳдиди расвоии молӣ ба Юнон афзуд. Имрӯз дар Афина коргарони соҳоти иҷтимоӣ ба нишони эътироз ба барномаи зиддибуҳронии давлат ба корпартоии 24-соата шурӯъ карданд. Бо ин ҳол, ожонси рутбасанҷи Moody's дирӯз эътибори қарзҳои Итолиёро 3 нуқта пойин бурд.
XS
SM
MD
LG